ОЗМУНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» БАРГУЗОР ГАРДИД


          Санаи 3 майи соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор гардид. Озмун бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҷамъи довталабон баргузор гардид. Аз оғоз саҳни муассиса пур аз ҳаводорону иштирокчиёни озмун гардид, ки ҳар кадом бо ҳазорон боварӣ иштирок намуда, муваффақ шудан мехостанд. Ба чеҳраҳои болидаю хандони иштирокдорон нигариста рӯҳияи бинанда дигар мешуд. Зеро ҳама шахсиятҳое буданд, ки кулвори орзуяшон аз гулбоғи китоб шодоб буд. Ҳаяҷон доштанду бовар, чун аз рӯйхати асарҳои мутолиа намудаашон бар меомад, ки заҳмати зиёд кашидаанд. Дар баробари кӯдакон довталабон барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" омӯзгорон, китобдорон ва намояндагони касбу кори гуногун низ бо ихлосмандии зиёд ширкат намуданд. Маврид ба ёдоварист, ки озмун аз рӯи шаш номинатсия "Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ", "Адабиёти классик", "Адабиёти муосир", "Адабиёти ҷаҳон" , "Эҷоди назм" ва "Эҷоди наср" баргузор гардид. Дар озмун шумораи иштирокчиён зиёд буд ва бо рӯҳияи баланд довталабон иштирок намуда, бо маҳорати баланд ба саволҳои аъзои ҳакамон ҷавоб доданд. Ман худ шахсан аз иштироки фаъолонаи довталабони озмун қаноатманд гардидам, зеро дар номинатсияи "Эҷоди назм" ва "Эҷоди наср" узви ҳакамон ба ҳисоб мерафтам. Ин иқдоми Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли чорум аст, ки дар тамоми кишвар роҳандозӣ гардидааст ва сол аз сол шумораи иштирокчиён зиёд гардида истодааст, ки ҷои хушҳолист. Озмун аз субҳи содиқ оғоз гардида, шаффоф баргузор гардид ва беҳтаринҳо соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Бовар дорем, ки дар даври вилоятӣ низ иштироки фаъолона намуда, ба даври ниҳоӣ роҳ меёбанд.

  

 


Баргаштан
10-05-2023, 11:09