ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ «ОИЛАИ МАСЪУЛИЯТШИНОС»


             ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ «ОИЛАИ МАСЪУЛИЯТШИНОС»

   Рӯзи 13 майи соли 2023 дар толори Мактаби байналмилалии Президентии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои ҷамъбасти даври вилоятии озмуни «Оилаи масъулиятшинос» бо иштироки сардори раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Сафарзода Ғазалшоҳ ва дигар намояндагони мақомот, аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оилаҳои масъулиятшинос, аз тамоми ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид. Мақсад аз таҷлили ин ҷашн ҷалби диққати давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила мебошад. Қайд гардид, ки ташкили оила, ки он ба сифати хурдтарин ниҳод дар ҷомеа шинохта шудааст, аз падару модарон ва ҳар шаҳрванд хоҳони он аст, ки дар шеваи тадбири он пурмасъулият ва огоҳона дар муомилаву муносибат бошанд. Ин маъно ифодагари он аст, ки бо рафтору кирдори шоистаи хеш таъсири бештареро дар оила ва ҷомеа мегузоранд. Волидайн низ бояд аз ин огоҳ бошанд ва дар тарбияи авлоди худ тавре муносибат кунанд, ки онҳоро дар роҳи росту мустақил ҳидоят намуда, муваффақ бошанд. Албатта, ба ҳамагон маълум аст, ки оилаи солим ба ҷамъият наслҳои солим тарбиягирифта, поквиҷдон, росткор ва ба Ватан содиқ буданро ба воя мерасонад. Оила рукни асосии ҷомеа ба шумор рафта, устувории он дар заминаи муҳаббат, садоқат, иззату ҳурмат ва сабру тоқат имконпазир аст. Дар фарҷоми чорабинӣ оилаҳои масъулиятшиноси 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон бо ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуда, аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия суруду таронаҳои дилошуб пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Шоҳсанам АҶИКОВА, "Навиди Балх"

   


Баргаштан
15-05-2023, 08:36