ҶАВОНОН - НЕРУИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА


ҶАВОНОН - НЕРУИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

    Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки дар муассисаҳи таълимии ноҳия вохӯриҳо бо хонандагони синфҳои болои гузаронида мешавад. Бо ин мақсад санаи 18 майи соли 2023 дар МТМУ №17-и ноҳия Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Мусоев Хуршед миёни наврасон ва ҷавонон, дар мавзуҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи Ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва оид ба ташабусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба оби тоза гузаронида шуд. Зимни баромадаш муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Мусоев Хуршед бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон хонандагони муассисаи таълимии ноҳияро табрику таҳният намуда, қайд намуд, ки мо, ҷавонони кишвар ҳаракат менамоем ва бо тамоми қувваамон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки барои ободӣ ва осоиштагии Ватан – Модари азизи хеш содиқонаву софдилона хизмат намоем. "НАВИДИ БАЛХ"

 


Баргаштан
23-05-2023, 06:54