ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НЕРӮИ СОЗАНДАИ ҶАВОНОН БОВАР ДОРАНД


ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НЕРӮИ СОЗАНДАИ ҶАВОНОН БОВАР ДОРАНД

   «Мо ҷавононро нерўи созандаву бунёдкор, пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем». Эмомалӣ Раҳмон Ҳанӯз 17 марти соли 1994 мулоқоти нахустини Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат ва раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардида, ин нишонаи онро дорад, ки Пешвои миллат ба нерӯи созандаи ҷавонон бовар доранд ва яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат меҳисобанд. Таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба ҷавонон зери сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ифтихори ҳар як ҷавони бонангу ор ва хештаншиносу ватандӯст мебошад. Аз моҳи феврали соли 1998 таъсиси стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагону донишҷӯёни таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз соли 1998 таъсиси ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илму техника, таъсиси квотаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавондухтарон ва ҷавонписарони лаёқатманди деҳот, таъсис додани стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» барои донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд, сарпарастиву баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон - оинаи таърихи миллат» ташаббусҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар самти рушди илму маориф ва ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон мебошад. Дар баробари иштироки фаъолона дар корҳои созандагию бунёдкорӣ мо -ҷавононро зарур аст, ки ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, рамзҳои давлатӣ эҳтироми хос зоҳир намуда, таърихи гузаштаи худро амиқ омӯхта, ба арзишҳои неку писандидаи ниёгони хеш арҷ гузорем, амнияту оромии Ватани азизамонро шабу рӯз ҳифз намуда, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба хотири рушди Тоҷикистони биҳиштосоямон минбаъд низ саъю талош кунем. Қурбонзода Хуршед, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

 


Баргаштан
23-05-2023, 07:03