УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА» БАРГУЗОР ГАРДИД


                             УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА» БАРГУЗОР ГАРДИД

          Санаи 19 майи соли 2023 дар деҳаи Қизилюлдузи Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки масъулини бахши кор бо занони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, сабти асноди ҳолати шањрвандӣ, Маркази репродуктивӣ ва Маркази мубориза бо бемории ВНМО, шуъбаи маориф, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Маданият оид ба кори фардии усули «Хона ба хона» вохӯрӣ бо занони хонанишин, оид ба риояи талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбяи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» инчунин баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, донистани ҳуқуқҳои худ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ва занон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, оқибатҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ, худкушию худсӯзӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ҷалби духтарон ба илму ҳунаромӯзӣ ва оид ба дигар масъалаҳои мубрами рӯз ташкил ва баргузор гардид. Мақсад аз баргузории чунин вохӯриҳо бедор намудани ҳисси меҳандӯстӣ ва зебоипарастӣ дар замири ҳар шахс мебошад. Парвина АҶИКОВА, "Навиди Балх"

 


Баргаштан
23-05-2023, 07:06