Таҷлили рӯзӣ байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ


  Ба ин муносибат рӯзи 29 майи соли 2023 дар толори Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон, чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинии болозикр меҳмонон аз намоиши стовардҳо ва ҳунарҳои дастии муасссисаҳои томактабии ноҳия дидан намуда, ба фаъолияташон баҳои баланд доданд. Дар чорабинӣ инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, идораву корхонаҳо, раисону кормандони ҷамоатҳо, директорҳои муассисаҳои таълимӣ, мудирон ва мураббиягони муассисаҳои томактабӣ, хонандагон ва тарбиятгирандагони фаъол иштирок доштанд. Зимни баромадаш раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон иди Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро табрику таҳният гуфта, барояшон саломатӣ ва саодати ҳамешагиро таманно намуданд. Ба ғолибони озмунҳо ифтихорнома ва мукофотпулӣ тақдим карда шуд. Аз ҷониби шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ ба мураббияҳои пешқадам ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Сипас барномаи фарҳангӣ аз ҷониби таълимгирандагони мактаби санъати бачагонаи ноҳия баҳри болидарӯҳии тамошобинон пешниҳод гардид. "Навиди Балх"

 


Баргаштан
7-06-2023, 08:32