ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ШӮРОИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ БАРГУЗОР ГАРДИД


      Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷаласаи  навбатии  Шӯрои  рушди  тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид.

      Раиси Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муовини раиси ноҳия Абдусаломзода анзурат вобаста ба татбиқи ҳадафҳои сиёсати  давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ноҳия маърӯза намуд. Зикр гардид, ки бо  мақсади  татбиқи  бо  мароми ҳадавҳои сиёсати давлатӣ  дар  соҳаи  тарбияи  ҷисмонӣ  ва варзиш  иҷрои  дастуру  супоришҳои  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ  -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Президенти  Кумитаи  миллии олимпии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия тибқи нақшаи кории Шӯро корҳои назаррас анҷом дода шудааст. Баргузор  намудани  мусобиқаҳои варзишӣ  барои  дарёфти  Ҷоми  раиси  ноҳияи  Ҷалолиддини  Балхӣ  бахшида  ба  ҷашни  35  - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаҳои таърихӣ, сафарбар  намудани  варзишгарони ноҳия  ба  мусобиқаҳои  гуногуни  варзишӣ,  гузаронидани  рӯзҳои  солимгардонӣ  дар маркази ноҳия аз ҷумлаи  ин  татбирҳо  мебошанд.  самараи  татбирҳои  мазкур  аст,  ки  варзишгарони  ноҳия  аз  ҳар  як мусобиқаи варзишӣ бо медалу ифтихорнома баргашта, шарафи варзишии ноҳияро ҳимоя мекунанд. Раиси Шӯро  Абдусаломзода  Анзурат  вазифаҳои  Шӯрои  рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро барои нимсолаи дуюми  соли  2022  мушаххас  намуда, масъулинро вазифадор  намуд,  ки  ҷиҳати  иҷрои  нақшаи  кории  Шӯро  аз  ҳамаи  имкониятҳо  самаранок истифода баранд.                                                                                         Дар фарҷом бо таманнои фаъолияти пурсамар дар ин  ҷодаи пурифтихор варзишгарону  муррабиёни  беҳтарин  бо  ифтихорнома  ва  тӯҳфаҳои молии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.


Баргаштан
26-08-2022, 09:06