ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ» Санаи 6 июни соли 2023 |
Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» бо иштироки аъзои ҳакамон Саодат Алаёрова, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Зуҳро Атабоева, мудири бахши кор бо занон ва оила Ҷаъфарзода Фарзона, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Қурбонзода Хуршед ва директории китобхонаи марказӣ Наргис Салимова баргузор гардид. Дар озмуни мазкур хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кормандони баъзе ташкилоту муассисаҳо иштирок намуда, ғолибон ба даври сеюми вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Озмуни ноњиявии «Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ба ин васила шинохти нақши халқи куҳанбунёди фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо даелелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 доир гардид. Баргаштан |
7-06-2023, 09:41 |