ВАҲДАТ-НАХЛИ АСОСГУЗОРИ МИЛЛАТ!


                                                           ВАҲДАТ-НАХЛИ АСОСГУЗОРИ МИЛЛАТ

        Қудрате бар ҷону имон Ваҳдат аст, Нур андар нури Яздон Ваҳдат аст. Олами садгунаю пурҳарфро, Тарҷумону коргардон Ваҳдат аст. Аз он рӯзе, ки миллати тоҷик соҳиби Ваҳдати миллӣ гардид, 26 - сол сипарӣ шуда, Тоҷикистон ба сарзамини беҳтарини дунё мубаддал гардидааст. Нахли «Ваҳдат»-ро Худованд боғбоне ато кард, ки ҳамчун донандаи асрори боғбонӣ аз сидқ ба парваришаш камари ҳиммат баст. Ин нахл ҳамасола реша давонд ва дарахти мустаҳкаму устувори боровар гардид, ки аз шаҳдаш коми ҳамагонро ширин намуд. Аҳли қалам аз қалби пуршур ҷоннисорияшро васф мекарданду тараннум менамуданд, чун саҳифаҳои гузаштагонро варақ мезанем, пеши назар рӯзҳои мудҳишу сангини ба сари миллату давлатомада ҷилвагар мешаванд. Аз ҷумла, шоир Амиршоҳи Хатлонӣ басо ба мавқеъ менигарад: …Ба бахти халқу кишвар раҳнамо шуд, Мукофоти Худо аз баҳри мо шуд. Вакилон даъваташ бар тахт карданд, Ватанро рӯ ба рӯ бо бахт карданд. Дар ҳақиқат, мардонагию ҷасорати худододӣ ба ин фарзонафарзанд имкон дод, ки барои раҳоӣ аз ноумедии миллат ҷон дар кафи даст ба ҳимоят хезад. Чӣ сангарҳоеро пушти сар кард, ин шахсияти арзанда марди роҳи рости Худо. Тахти салтанатро ҳалол кард… Воқеан, ба тақдири аҳли кишвари тоҷикон ҷанги шаҳрвандӣ бисёр сарсониҳо овард, вале хушбахтона Иҷлосияи тақдирсоз баҳрашон неруи наве бахшид. Интихоби раиси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, болу пар. Ин марди ватанпарвар то имзо гузоштан ба Истиқрори сулҳ аз баҳри ҷон гузашт, то ки ҷамъи парешонгаштаро аз нав ба ҳам орад, якдилу якмаром намояд. Нияташ, ки нек буд, Офаридгор давлаташ бахшид. Давлати пойдору номдор. Барои аҳли Тоҷикистон 27-уми июни соли 1997 як санаи муҳими таърихӣ дар лавҳи хотир сабт ёфт, ки ин имзои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари гурӯҳи мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар шаҳри Маскав буд. Аз байн солҳо сипарӣ мешаванд. Корнамоиҳои фарзанди баруманди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин китобҳо чоп шуда, дар арсаи сиёсат дарси ватандории кулли инсонҳо хоҳад гашт. Хусусан, баҳри мо, омӯзгорон тамоми ободкориҳои ин марди хирад, сабақи бузурги таълиму тарбия дар пешрафти насли оянда аст. Ифтихор менамоем, ки эҳёгари роҳи сулҳи пойдор, Ваҳдати миллӣ ва вориси аҳли Тоҷикистон пайваста ояндаи дурахшони моро мехоҳад. Таманно мекунем, ки нахли Ваҳдат ҳеҷ гоҳ рӯйи хазонро набинад. Баҳораш, ҷавонияш ва шаҳдаш ширинкомаи насли оянда бошад. Бо ин сатрҳои меҳрбори хеш аҳли Ватанамро бо 26-сола роҳи тайкардаи Ваҳдат таҳният мегӯям. Ваҳдат шиори мардуми олитабори мост, Як боғи пуршукӯҳу кунун мевадори мост. Нахли ба ҷон парварида бисту шаш сол, Мероси ҷовидонаи Асосгузори мост… Сафармоҳ ГАДОЕВА, омӯзгори Мактаби байналмилалии Президентии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ


Баргаштан
15-06-2023, 14:44