ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-БАҚОИ УМРИ МО


 Шоми 26 июни соли 2023 Гулгашти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва саҳни Мактаби байналмилалии Презитентӣ қабои идона ба бар намуда буд. Хурду бузург гурӯҳ-гурӯҳ шуда, бо чеҳраи кушоду бо дили шод ба макони баргузории чорабинии идона бахшида ба 26-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ меомаданд. Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон бо сухани табрикотӣ чорабинии тантанавиро оғоз бахшида, ҳозирин ва дар шахсияти онҳо тамоми сокинони ноҳияро ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуд. Зикр кард, ки дар солҳои пойдории Ваҳдати миллӣ ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ бамаротиб пеш рафт, тамоми нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ беҳтар гардиданд. Даҳҳо иншооти хурду бузурги таъиноти гуногун сохта мавриди истифода қарор дода шуданд. -Ваҳдати миллӣ оғози бунёди давлати навин ва соҳибистиқлол шуд. Ин сана рамзи якдигарфаҳмӣ ва оромиву суботро ифода намуда, боиси эҳёи арзишҳои маънавию фарҳангии кишвар гардид. Бино бар ин, ҳар яки моро мебояд, ки ба қадри ин Сулҳу Ваҳдат ва осоишу оромӣ бирасем ва насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намоем, -таъкид дошт раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон. Сипас ба як қатор роҳбарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо, ки дар ноҳия саҳми муносиб гузоштаанд, сипосномаҳои намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд. Дар фарҷом барномаи консертии ҳунармандони бахши фарҳанг, ки иборат аз суруду таронаҳои бахшида ба Сулҳу Ваҳдат, Ватан-модар, Тоҷикистон ва тараннуми Ваҳдату якдилӣ буд, хотири иштирокчиёни чорабиниро болида гардониданд.


Баргаштан
30-06-2023, 07:41