ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ |
Бахшида ба 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар деҳаи Кайҳонии Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ санаи 26 июни соли 2023 бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо дар вазъияти тантанавӣ Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд. Маркази саломатӣ бо дастгирии Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон бо лоиҳаи CASA 1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ сохта ба истифода дода шуд. Маркази саломатӣ бо маблағи 1,5 млн сомонӣ сохта шуда, аз 6 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои таваллуд, хатнаи кӯдакон, доругузаронӣ, бемордорӣ, ҳуҷраи табиб ва қабулгоҳ иборат мебошад. Ҳамчунин дар он ҳамом ва ҳоҷатхона низ мавҷуд мебошад. Маркази саломатӣ 7 нафар кормандони тиббиро бо ҷои кори доимӣ таъмин намуда, барои зиёда аз 3500 нафар аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонад. Дар арафаи 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди истифодаи умум қарор гирифтани маркази саломатӣ рамзи ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ба вазъи саломатии мардум мебошад.
Баргаштан |
30-06-2023, 08:10 |