МАВҚЕЪ ВА ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ МУАРРИФНОМА


 Шукурова Шаҳло Тағойхоновна 9 апрели соли 1974 дар оилаи хизматчии давлатӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таваллуд шудааст. Соли 1991 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 - и ҳамин ноҳияро хатм намуда, аз соли 1994 фаъолияти кориро дар муассиссаи хатмкарадааш ба ҳайси омӯзгор оғоз бахшидааст. Маълумоти олиро дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиб шудааст. Айни ҳол ҳамчун директори ин муассисаи мазкур кору фаъолият дорад. Соли 2016 бо унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовор гаштааст. Дар баробари вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум, солҳои 2020-2025 будан, инчунин вакили Ҷамоати шаҳраки Балх даъвати сеюм, солҳои 2020-2025 интихоб гардидааст. -Давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ тибқи нақша ва ваколатҳои вакилӣ фаъолиятро ба роҳ монда, барои расидан ба мароми сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таъмини ҳаёти осоишта ва зиндагии шоистаи шаҳрвандон, хоса интихобкунандагон аз Ҷамоати шаҳраки Балх иҷрои дархостҳоро амалӣ намудам, -иброз дошт Шаҳло Шукурова. Мавсуф мунтазам бо интихобкунандагон вохӯрда, дар тарғиби қарорҳои қабулшудаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия амалисозии нақшаҳои созандагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия саҳм мегузорад. Интихобкунандагон мақсади ободкориҳои раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмонро бо хурсандӣ пазируфта, чун як тан дар азнавсозии роҳу биноҳо камари қавӣ барбастанд. Дар ин радиф ба фаъолияти муассисаҳои таъминоти иҷтимоӣ аз қабили муассисаҳои тањсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, бунгоҳҳою дигар иншоотҳо диққати махсус дода, симои ин муассисаҳо ба кулли тағйир ёфта, шароити хуби корӣ таъмин шуда истодааст. Ҳамзамон, ба иҷрои самараноки барномаҳои давлатӣ диққати асосӣ равон карда шуд. Бо иҷрои ин барномаҳо дастрасии иштирокдорони раванди таълим ба технологияи муосир зиёдтар гардид. Қисме аз кабинетҳои фаннӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Шаҳло Шукурова иброз дошт, ки оид ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ чорабиниҳои мухталиф гузаронида шуд. Асосан, ба фарҳанги хонаводагӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, шаҳрвандон барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон Ватани азизи ман» тарғиб карда шуданд. Ин буд, ки иштироки аҳли ҷомеа ба ин озмунҳо зиёд шуд. Ба фарҳанги хизматрасонии тиббӣ ва дигар хизматрасониҳои дорои характери иҷтимоӣ низ мароқ зоҳир карда шуд. Кормандони тиб дар ҳудуди шаҳрак ҷавобан ба сиёсати инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро ба роҳ мондаанд. Ин дар вохӯриҳо ба онҳо равшан эҳсос карда шуд. -Ҳамчун вакили мардумӣ аз ин пас низ кӯшиш менамоям, ки тибқи дархости интихобкунандагон ва раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия фаъолиятро ба роҳ монам, -мегӯяд Шаҳло Шукурова, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз ҳавзаи интихоботии №3. Шоҳсанам АҶИКОВА, "НАВИДИ БАЛХ"


Баргаштан
12-07-2023, 12:14