НАСЛИ КАЛОНСОЛ МУҲОФИЗИ НАСЛИ ҶАВОН АСТ


         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ 26-декабри соли 2019 дар мавриди афзоиши хатари терроризм ва экстремизм чунин таъкид намудаанд: «Авзои сиёсии сайёра ҳоло бисёр ноорому бесубот ва боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст. Кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидаанд ва имрӯз баъзе сиёсатмадорону коршиносон ҳатто, доир ба хатари ҷанги сеюми ҷаҳон ҳарф мезананд». Бо дарки ин нуқта гуфтан зарур аст, ки идеологияи ифротгароёни динӣ пеш аз ҳама бар зидди идеологияи миллии мо, Истиқлолияти давлат, аз ҷумла ҳар як нафари мо равона гардидааст. Бар муқобили он имрӯз зарур аст, ки идеяҳои сатҳи баланд матраҳ шуда, мавриди амал қарор бигиранд. Зеро ҳалли низомии ин масъала ҳануз хеле нокифоя мебошад. Имрӯз Ҳукумати кишвар дар доираи амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагиро ба ҳар як шаҳрванди кишвар, аз ҷумла ҷавонон кафолат додааст, ки яке аз сабабҳои паст гардидани ин падидаи хатарзо хоҳад буд. Ҳамзамон баланд бардоштани таъсири шуури иҷтимоии зиёиёни пешқадам, ки дар бедор кардани завқи ҷавонон ба хондани асарҳои бадеӣ заминаи фаъол буда метавонад, омода кардани суханварони ҷавон, ки идеологияи миллиро дар шакли афкори ватанпарастӣ миёни ҷавонон тарғиб менамояд, ба мақсад мувофиқ аст. Татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз насли калонсол тақозо менамояд, ки ҳисси дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатӣ, ҳимояи марзу буми ватани азизамонро дар саргаҳи андешаҳои тафаккури миллии фарзандон қарор дода, бо ифодаи нақши зан ва модари босавод дар тарбияи насли худогоҳу хештаншинос масъулияти худро иҷро намоянд. Ҳамаи мо вазифадорем, ки худамон, пеш аз ҳама намунаи ибрат бошем, насли ҷавону созандаро тарбия карда, ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро гирем ва бо дасту дили пок дар сафи пеши амалӣ намудани сиёсати устувори давлат қарор бигирем. Итминони комил дорем, ки ҷавонони соҳибиродаву ҳушманди мо рисолати ватандӯстии худро амиқан дарк намуда, бо пайравӣ аз Пешвои муаззами миллат ҳимояи манофеи давлатиро дар солҳои ояндаи давлатдорӣ низ ҳифз хоҳанд кард. Хулоса, барои баланд бардоштани маърифати баланди ҷавонон, тарбияи онҳо дар роҳи ватандӯстӣ ва дигар омилҳои шоиста мо, насли калонсол, бояд ҳамеша муҳофизи насли ҷавон бошем, то ки Ватану миллат аз ҳама хатарҳо эмин бошад. Ибодуллоҳ Одиназода, сармуҳаррири рӯзномаи "Навиди Балх"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

 


Баргаштан
17-07-2023, 15:00