ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДӮХТАНИ ЛИБОСИ ЯГОНАИ МАКТАБӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД


ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДӮХТАНИ ЛИБОСИ ЯГОНАИ МАКТАБӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

   Имрӯз 12 июли соли 2023 муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо аз рафти дӯхти либосҳои ягонаи мактабии ҶДММ «Сомон-И 2013» воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Балх ва коргоҳи дӯзандагии «Фирӯзаи Исматулло»-и Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дидан намуд. Дар ҶДММ «Сомон-И 2013» 20 нафар кормандон фаъолият намуда истодаанд, ки онҳо то инҷониб 12 ҳазор либосҳои ягонаи мактабӣ барои солҳои хониши 2023-2024 дӯхтаанд, ки аллакай ба муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас карда шуд. ҶДММ «Сомон-И 2013» ва коргоҳи дӯзандагии «Фирӯзаи Исматулло» аз зумраи корхонаҳое ҳастанд, ки барои мактаббачагони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ либосҳои шинами мактабӣ ва барои кормандони беморхона хилъатҳову матоҳњои рӯкаш ва ҳамчунин либосҳои фарҳангӣ омода мекунанд. Айни замон дар корхонаҳои зикргардида дӯхтани либосҳои ягонаи мактабӣ бо маром идома дорад.


Баргаштан
17-07-2023, 15:04