ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯРО ДОИР НАМУД


    Санаи 14 июли соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи прокуратураи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳти Раёсати прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 2 Собирзода И.М ҷаласаи васеъи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир гардид. Дар ҷаласа аъзоёни Шӯро, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовини якуми раиси ноҳия, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, кумитаҳои маҳалла ва дигар шахсони масъул дар масъалаи баррасишавандаи дахлдор ширкат варзиданд. Дар кори ҷаласа ҳолати иҷрои талаботи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 дар ҳудуди ноҳия ва чораҳои андешидашуда дар ин самт мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ҷаласаи Шӯро ёрдамчии прокурори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, мушовири адлияи дараҷаи 3 Раҷабзода Ҷ. У., раиси кумитаи идораи замини ноҳия Расулзода М. С., мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Маҳмуродов С. Ф., вобаста ба масъалаи баррасишаванда гузориш доданд. Дар муҳокима аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ширкат варзиданд. Сипас раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, прокурори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, мушовири адлияи дараҷаи 2, Собирзода И. М., зимни баромадаш зикр дошт, ки Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ қайд карданд, ки дар шароити бисёр вазнини имрӯза истифода набурдани замин гуноҳ буда, тамоми мардуми Тоҷикистон, пеш аз ҳама, кишоварзон ва ҳар як оиларо зарур аст, ки ба истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва рӯёнидани се-чор ҳосил диққати аввалиндараҷа дода, истиқлолияти пурраи озуқавории кишварро таъмин намоянд. Инчунин, масъулини комиссияҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро муваззаф намуданд, ки ҳангоми таҳияи парвандаҳои заминсозӣ, талаботи қонунгузориро қатъиян риоя намуда, ба қабули қарорҳои ғайриқонунии раиси ноҳия хотима бахшида ва ҳолатҳои худсарона ишғол намудани қитъаҳои заминро аз ҷониби шаҳрвандон дар марҳилаи аввал таҳти назорати қатъии худ қарор диҳанд. Дар фарҷом бо қабул кардани қарорҳои дахлдор Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷамъбаст гардид.


Баргаштан
17-07-2023, 15:13