УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА» БАРГУЗОР ГАРДИД


 УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА» БАРГУЗОР ГАРДИД

    Санаи 17 июли соли равон дар деҳаи Ҳақиқати Ҷамоати деҳоти Маданият бо иштироки масъулини бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Маданият ва раиси маҳалла оид ба кори фардии усули «Хона ба хона» тадбирҳо амалӣ карда шуд. Оид ба риояи талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбяи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» инчунин баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, донистани ҳуқуқҳои худ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ва занон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, оқибатҳои нохуши никоҳи хешутаборӣ, худкушию худсӯзӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ҷалби духтарон ба илму ҳунаромӯзӣ, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маҳсулоти хӯрокворӣ барои зимистон ва оид ба дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуда, ба сокинон маслиҳатҳои муфид дода шуд. Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо бедор намудани ҳисси меҳандӯстӣ ва зебоипарастӣ дар замири ҳар шахс мебошад.

 


Баргаштан
21-07-2023, 12:54