ВОХӮРИИ СУДМАНД


   Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ санаи 18 июли соли ҷорӣ бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия Нурализода Суҳроб вохӯрӣ бо роҳбарони сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ ва имохатибон баргузор гардид. Мақсад аз ин вохӯрӣ расонидани шарҳу тавзеҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии падару модарон, омӯзгорон ва хонандагон, таъмини манфиатҳои миллӣ, таҳким бахшидан ба амнияти давлат, бедор кардани ҳисси миллатдӯстиву ватанпарварӣ, хештаншиносӣ ва пешгирии паҳншавии ақидаҳои террористиву экстремистӣ мебошад. Зикр гардид, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Кодекси ҷиноӣ тарҳи ислоҳшудаи наверо имзо кардааст, ки бар пояи он онҳое, ки аз фаъолияти террористӣ ҷонибдорӣ мекунанд ва ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ касеро “даъват ба терроризм” мекунанд, ҷазои сахт муқаррар шудааст. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари чанд санади дигар тарҳи ислоҳшудаи Кодекси ҷиноиро имзо кард, ки дар он “барои бо истифода аз интернет ба амал овардани даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст”.


Баргаштан
21-07-2023, 13:11