ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ НОҲИЯ ДАР ШАШ МОҲИ СОЛИ 2023 |
Санаи 18 июли соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таҳти раёсати муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо бо иштироки мудирону директорони тамоми беморхонаҳо оиди ҷамъбасти фаъолияти сохтори госпиталии ноҳия дар шаш моҳи соли 2023 баргузор гардид. Қайд гардид, ки муассисаҳои сохтори госпиталии ноҳия дар асоси Оинномаҳои муассисаҳои тиббӣ, ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, фаъолият намуда истодаанд. Иҷрои харҷномаи буҷети беморхонаи марказии ноҳия дар шаш моҳи соли 2023 мувофиқи нақша 3 миллиону 19 ҳазор сомонӣ мебошад, ки ин 92,0 % иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Беморхонаи марказӣ аз ҳисоби маблағҳои қарори №600 ва муоинаи тиббӣ ба 292 нафар ба маблағи 91 њазору 993 сомонӣ хизматрасонии тиббӣ ройгон расонидааст. Гуфта шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо маблағгузории Лоиҳаи Бонки рушди Олмон сохтмони бинои иловагӣ ва таъмири асосии бинои беморхонаи марказӣ бо таъмини таҷҳизотҳои тиббӣ идома дорад. Шабакаҳои КАТС-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иборат аз маркази саломатӣ, маркази солимии репродуктивӣ, маркази тиббии оилавӣ, 18 марказҳои саломатии деҳотӣ, 38 бунггоҳҳои саломатӣ ва як нуқтаи тиббӣ иборат мебошад, ки ба 216737 нафар аҳолии ноҳия, занҳои қобили таваллуд 53945 нафар, наврасон 85209 нафар ва кӯдакони то 1-сола 5382 нафар хизмати тиббӣ мерасонад. Ба ғайр аз инҳо дар ҳудуди ноҳия 4 адад муассисаҳои хусусӣ, 1 адад беморхона, 1 адад даҳонпизишкӣ ва 3 адад ултрасадо кор ва фаъолият доранд. Кормандони шабакаҳои КАТС-и ноҳия барои сари вақт дарёфт ва бистарӣ намудани бемориҳои сироятӣ, бартараф намудани камбудиҳои ташхису муолиҷа, корҳои хонагардӣ, тарғибот ва ташвиқотиро пурзӯр карда истодаанд. Дар айни замон 82 нафар духтурон дар КАТС-и ноҳия кор ва фаъолият доранд, ки аз инҳо духтурони маълумоти олӣ бо дараҷанокии олӣ 12 нафар, дараҷанокии якум 17 нафар ва дараҷанокии дуюм 12 нафарро ташкил медиҳанд. Аз 318 нафар ҳамширагони тиббӣ бо дараҷанокии олӣ 126 нафар, дараҷанокии якум 44 нафар ва дуюм 38 нафар ба аҳолии ноҳия хизмат мерасонанд. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ барои беҳтар намудани зермуассисаҳои КАТС ба маблағи 710780 сомонӣ таҷҳизоти тиббию асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ ва дигар мебелу ҷиҳозҳои корӣ харидорӣ карда шуда, ба истифода дода шуд. Дар Ҷамоати деҳоти Навобод 2 адад бунгоҳи тиббӣ – БС Чорбоғ аз тарафи ташкилоти хайриявии давлати Арабистони Саудӣ ва БС Калининобод аз тарафи соҳибкорон сохта ба истифода дода шуд. Дар Ҷамоати шаҳраки Гулистон маркази саломатии Кайҳон аз тарафи лоиҳаи CASA - 1000 анҷом ёфта ва дар деҳаи Абдуллои Ҷамоати деҳоти Навобод маркази саломатии ҳозиразамон аз тарафи фурӯдгоҳи байналмилалӣ сохтмон идома дорад. Дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба унвонии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва ташкилотҳои байналмилалӣ мактубҳо ирсол карда шуданд, ки дастигирӣ ёфта, барои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба маблағи зиёда аз 1.000000 (як миллион) сомонӣ дастгоҳи рақамии рентгении партотивӣ харидорӣ гардида, дар анбори хазинаи Глобалии шаҳри Душанбе нигоҳдорӣ шудааст. Баъди ба расмият даровардани ҳуҷҷатгузорӣ рӯзҳои наздик ба ноҳия ворид карда мешавад, ки мушкилоти хариди фитаҳои рентгенӣ ва гузаронидани алоқамандон аз бемории силро бартараф мекунад. Ҳамзамон аз ҳисоби грантҳои хориҷӣ ба марказ дастгоҳи Анализатори биохимиявӣ ва реагентҳои он ворид карда шуданд, ки баъд аз гузаронидани колибровка дар рӯзҳои наздик таътилҳои биохимиявии хун ройгон таъмин карда мешаванд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шӯъбаи молияи ноҳия маблағи пешбинишудаи буҷети давлатӣ барои хӯрокаи беморони бистаригардида дар соли 2023 нисбат ба соли 2022 қариб 4 маротиба зиёд карда шуд (аз 6500 то ба 2500 сомонӣ) маблағи дорувории патогенетикӣ бошад, дар соли 2023 нисбат ба соли 2022 зиёда аз 3 маротиба баланд карда шуд (аз 2900 то ба 9000 сомонӣ). Дар фарҷом Қумриниссо Сангализода ба масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, саривақт расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба беморон, риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, риояи одоби муошират бо беморон, иҷрои барномаҳои соҳавӣ, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва дигар масъалаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда,ба масъулини соҳаи тандурустӣ супоришҳо қатъӣ доданд. Баргаштан |
21-07-2023, 13:20 |