ВАТАНРО ТАНҲО ХУДИ МО ҲИМОЯТГАРЕМ!


   Дар асоси фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси нақшаи тасдиқшудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамринҳо оид ба мудофиаи ҳудудии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Дар ин замина субҳи 21 июли соли 2023 дар Варзишгоҳи марказии ба номи Уктам Маматови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ бо иштироки намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои дахлдор ва корхонаву ташкилоту муассисаҳо тамринҳо доир ба ҳолати омодабошӣ гузаронида шуд, ки дар он кормандони касбу кори гуногун иштирок доштанд. Дар оғоз аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки барои омодабошии ҳолати бонги хатар ҳар яки мо ҳамеша омода бошем. Тамрину омодагии мазкур дар асоси нақшаи тасдиқшудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ гузаронида шуд. Сипас раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон баромад намуда, қайд карданд, ки мақсад аз ҷамъ омадани мо ин аст, ки мо ҳамеша барои ҳифзу ҳимояи сарҳади давлатӣ ва таъмини сулҳу субботу осоиштагӣ омода бошем. Ҳушёриву зиракӣ, бедорӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ҳамеша мавриди таъкидҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Пас барои суботу оромӣ бояд ҳамеша дар ҳифзи Ватан ва аҳли он сина сипар намоем. Баргузории чунин чорабиниҳо гувоҳи ваҳдату якдиливу муттаҳидии мо мебошад, зеро Тоҷикистон Ватани маҳбуби мост ва онро танҳо мо ҳимоятгарем.

 

 


Баргаштан
24-07-2023, 07:19