БОЗДИД АЗ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ


                                        БОЗДИД АЗ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ

        Муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо санаи 1 августи соли 2023 аз вазъи нигоҳубинии гигиенаи шахсии кӯдакон ва раванди таълиму тарбияи онҳо аз муассисаҳои томактабӣ №№1 ва 2-и ноҳия дидан намуд. Сангализода Қумриниссо риояи гигиенаи шахсии кӯдаконро яке аз шартҳои ҳаёти оддӣ ва солимӣ арзёбӣ намуда, зимни вохӯрӣ бо мураббиёни муассисаҳои зикршуда афзуд, ки гигиенаи кӯдакон ва наврасон як маҷмӯи қоидаҳои гигиенӣ, ки ба нигоҳубин ва таҳкими саломатӣ нигаронида шудаанд, мебошанд. Асосҳои гигиенаи кӯдак ба наврасон меъёрҳои барои нигоҳдории дурусти ҷисм, истифодаи дурусти маҳсулоти хӯрока, либос ва пойафзолро дар бар мегиранд. Чун ҷузъи муҳими консепсияи гигиенӣ, меҳнат, истироҳат, режими рӯзона ва ғизо ҳал карда мешавад. -Таълиму тарбияи томактабӣ раванди мақсадноке, ки қобилият, шавқу рағбат, хусусиятҳои ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабиро инкишоф дода, ба оила, падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар таълиму тарбияи кӯдакон, инчунин омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ мусоидат мекунад, -иброз намуд Сангализода Қумриниссо.

 


Баргаштан
30-08-2023, 14:22