БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИР АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ


   Бо мақсади шиносоӣ аз вазъи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил, хусусан, таъмини муассисаҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсию бадеӣ, ҷойи нишаст, технологияи муосиру озмоишгоҳҳои таълимӣ, таъмири ҷорию капиталии муассисаҳои таълимӣ, ороиши синфхонаҳо, санаи 17 августи соли 2023 муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Лутфия, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ва сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Сафарзода Ғазалшо аз муассисаи таълимии №23, муассисаи таҳсилоти томактабии №3 ва мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳия дидан намуданд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия меҳмонон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ҳамзамон доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омоданамоии мутахассисони босаводу донишманд ва истифодаи усулҳои нави таълим, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ёдовар шуда, зикр доштанд, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, татбиқи барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва чанде дигар як қатор тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида истодааст. Аз ин рӯ, омӯзгоронро зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат, Пешвои муаззами миллат ва Вазорати маориф ва илм фаъолияти дучанд намоянд. Инчунин ба масъулин ҷиҳати таъмини пурраи хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ, фароҳам овардани шароити хуби таҳсил, ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба соли таҳсили 2023-2024 ва бартараф намудани камбудиҳои бамушоҳидарасида дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

 


Баргаштан
30-08-2023, 14:37