ҲИФЗИ ВАТАН РИСОЛАТИ БУЗУРГИ ФАРЗАНДИСТ


 «Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву Ваҳдат ва Истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем». Эмомалӣ РАҲМОН Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дорои заминаи мустаҳками техникӣ ва ҷомеаи меҳнатии корозмуда буда, дар сафи худ садҳо ҳазор аъзои ихтиёриро муттаҳид менамояд. Тибқи иттилои роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ноҳия Ибодуллоҳ Набиев айни ҳол дар ташкилоти болозикр аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия чор гурӯҳ иборат аз 104 нафар курси ронандагӣ таҳсил намуда истодаанд, ки ба онҳо омӯзгори пуртаҷриба амаки Муҳиддин Одинаев дарс гуфта, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро меомӯзонад. Онҳо пас аз хатм ва ба даст гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар мегарданд. Ниҳоди мазкур барои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҳифзи Ватан ҳазорон нафар ҷавонони синни даъватиро соҳибкасбу сафарбар намудааст. Ҷиҳати тайёрии тодаъватии ҷавонон бошад, маҷмӯи тадбирҳои тарғиботӣ ва ҳарбӣ - варзиширо амалӣ мекунад, ки моҳияти ватандӯстӣ доранд. -104 нафар ҷавонони синни даъватие, ки дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷалб шудаанд, ҳамагӣ 48 рӯз таҳсил менамоянд, ки дар як рӯз ба онҳо 8 соати дарсӣ ҷудо шудааст ва онҳо аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маблағгузорӣ карда мешаванд, - мегӯяд Ибодуллоҳ Набиев. Имрӯз Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба нерӯи тавонои эҳтиётии артиш, мактаби мардонагиву ватанпарастӣ, боргоҳи омодасозии мутахассисони ҳарбиву мулкӣ ва манбаи рушди намудҳои ҳарбӣ- техникии варзиш табдил ёфтааст. Пешрафти ниҳоди мададгори мудофиаи Тоҷикистони соҳибистиқлол як ҷузъи ҷудонопазири раванди вусъатёбандаи рушди миллист, ки муваффақияти он аз ҳамбастагӣ ва муттаҳидии ҳар яки мо вобаста аст. Бо ҷавонону наврасон дар бораи чӣ будани номуси ватану ватандорӣ, эҳсоси шарафу ифтихори миллӣ кори ҳамешагӣ бурдан, дар қалби ҳассоси онҳо чароғаки меҳру муҳаббат ба Ватанро фурӯзон кардан, аз ҷумлаи рисолатҳои муҳим ва пуршараф ба шумор меравад. Дар ин робита мо низ, дар доираи иҷрои рисолати худ талош меварзем, ки дар ниҳоди ҷавонон арзишҳои олии ватандорӣ ва ҳифзи содиқонаи марзу буми кишвар ҷойгоҳи хос касб кунад. Дарк намояд, ки ҳифзи Ватан рисолати бузурги фарзандист.

 

 


Баргаштан
4-09-2023, 06:19