ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН.


 

ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН.

    Рӯзи 4 сентябри соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон, вакил аз ҳавзаи интихоботии №30 Одиназода Ҳуснигул, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҷайҳун №33 Шарофзода Гавҳар, вакил аз ҳавзаи интихоботии Вахш №32 Абдусаломзода Мунаввар, интихобкунандагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва аз тамоми ташкилоту муассисаҳо суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид. Дар рафти вохӯрӣ намояндагон зикр доштанд, ки Ҳукумати кишвар бо мақсади тарбияи ватандӯстиву худшиносии миллии ҷавонону наврасон ва ҷалби ондо ба хизмати Модар - Ватан чорабиниҳои заруриро амалӣ менамояд. Ҷавонони солим ва соҳибкасбу ихтисосманд давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, ояндаи давлату миллат мебошанд. Бояд ҳар як шахс ватани худро дӯст дорад ва хизматашро мардонавор ба ҷо оварад ва ифтихор кунад, ки зодаи чунин ватани зебо аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистони азизамон дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад. Дар кишварамон сулҳу озодӣ, ваҳдату ягонагӣ пойдор аст. Аз ин ҷиҳат, корҳои сзандагию бунёдкорӣ пайваста авҷи тоза гирифта истодааст. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси усули таљзияи ҳокимияти давлатӣ, волоияти қонун, ошкорбаёнӣ, дастаҷамъӣ, эҳтирому ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешӣ ва масъулият дар назди халқ ба амал мебарорад ва инчунин ҳокимияти қонунгузориро ба амал бароварда санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ноҳия менамояд.


Баргаштан
6-09-2023, 07:46