ВОХӮРИИ СУДБАХШ


 

                                              ВОХӮРИИ СУДБАХШ

  Санаи 19 сентябри соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини якуми раиси вилояти Хатлон муҳтарам Салимзода Амонулло Файзулло, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон вохӯрии судбахш бо масъулини соҳаи кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ аз ҷониби муовини якуми раиси вилояти Хатлон муҳтарам Салимзода Амонулло Файзулло барои дуруст истифода бурдани заминҳои кишту кор ба хоҷагиҳои деҳқонӣ маслиҳатҳои муфид дода шуд. Зикр дошт, ки барои кишти тирамоҳӣ намии замин аҳамияти калон дорад. Бинобар ин дар ҳавои мусоид як рӯз пеш аз кишти зироат ба замин тавсия дода мешавад, ки пуштаҳоро нағз об диҳанд. Ин бори дигар хокро фишурда, барои ташаккули системаи решаи растанӣ муҳити мусоид фароҳам меорад. Пахта яке аз муҳимтарин ва қадимтарин растании нахдору равғандиҳандаи техникӣ ба ҳисоб меравад. Пахта агар чанде растании бисёрсолааст, дар зироаткорӣ ҳамчун растании яксола парвариш карда мешавад. Дар Тоҷикистон асосан 2 намуди он пахтаи муқаррарӣ ва мисрӣ кишт карда мешавад. Тибқи иттилои раёсати кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти пахта 9807 гектар, нақшаи дурнамои он 22960 тонна, то имрӯз 4550,5 тонна ба корхонаҳои коркарди пахта супорида шудааст, ки фоизи иҷрои он 19,8% дурнаморо ташкил медиҳад. Ғалаи тирамоҳӣ 1640 гектар ба нақша гирифта шудааст, ки дар рӯзҳои наздик оғоз меёбад. Кишти пиёзи барвақтӣ 820 гектар ба нақша гирифта шуда, то 19 сентябр 113 гектар иҷро гардидааст, ки 13,8% дурнаморо дар бар мегирад. Кишти такрории сабзӣ 414,2 гектар иҷро гардидааст, ки нақшаи он 304 гектар, фоизи иҷрои он 136,3 мебошад. Истифодаи самараноки заминҳои ёрирасон яке аз воситаҳои асосии таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ҳамзамон замини дурусти захирасозӣ ва кишти такрорӣ барои фасли зимистон мебошад.

Навиди Балх




Баргаштан
25-09-2023, 08:29