ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА «РӮЗИ РӮДАКӢ»


ЧОРАБИНӢБАХШИДАБА«РӮЗИРӮДАКӢ» «Забони шеъри Рӯдакӣ забони меъёр ва забони адабии мост, ки онро бо гузашти дувоздаҳ аср мо имрӯз низ истифода мебарем ва бо шеъри Рӯдакӣ ҳар рӯз сухан мегӯем». Эмомалӣ Раҳмон.

    Рӯзи 20 сентябри соли 2023 дар толори китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки мудири бахши фарҳанги ноҳия Латифзода Насиба, мутахассиси пешбари бахши фарҳанг Гулмурод Кабиров, методисти китобхонаи марказӣ Лутфинисо Азизова, китобдорони филиалҳо, хонандагони китобхонаи марказӣ ва бачагона чорабинии фарҳангӣ - маърифатӣ бахшида ба «Рӯзи Рӯдакӣ» таҳти унвони «Ҷаҳон аз Рӯдакӣ мешавад сар» баргузор гардид. Инчунин дар толор гӯшаи намоиши китобӣ, маълумотномаҳои библиографӣ бо номи «Устод Рӯдакӣ - қофиласолори шеъри ҳикматӣ» ташкил намуда, ба марази умум гузошта шуда буд. Зикр гардид, ки устод Рӯдакӣ бо хизматҳои бузургаш ба ин мақоми таърихӣ расидааст. Рӯдакӣ дар таърихи фарҳанги халқи тоҷик аввалин суханваре аст, ки таҷрибаҳо ва муваффақиятҳои гузаштаи худро дар соҳаи адабиёти форсӣ ҷамъбаст кардааст. Дар замони имрӯз баҳра бардоштан аз ҳикматҳои Рӯдакӣ ва онро дар зиндагӣ мавриди истифода қарор додан аҳамияти бештар пайдо кардааст. Онҳо роҳнамои омӯзиши ҳаёт ва одамият мебошанд, ки ҷавононро ба омӯхтани илму дониш, нигоҳи тоза, ватандӯстию худшиносӣ, некию фазилат, дӯстию бародарӣ ва накӯкорӣ раҳнамоӣ карда, паёми ахлоқии миллатро тавассути забони ноби тоҷикӣ аз насл ба насл интиқол медиҳанд. Сипас, китобдорони филиалҳо оид ба маънавиёт суханронӣ намуда, хонандагони китобхонаи марказӣ ва бачагонаи ноҳия порчаҳои назмиву насрӣ аз эҷодиёти шоир қироат намуданд.

Навиди Балх

 

 

 


Баргаштан
25-09-2023, 08:36