ВОЛИДОН - РОҲНАМОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН


ВОЛИДОН - РОҲНАМОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН

     Хизмат ба Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар маҳсуб меёбад. Ифтихор аст, ки солҳои охир теъдоди ҷавонони содиқу меҳанпарвар хеле афзуда истодааст. Ҷавононро мебояд аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода бошанд. Пас аз хатми мактаб хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа донанд. Ҳаминро қайд мебояд, ки барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Ватан ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа зиндагии осудаи наслҳои оянда баҳри ҳар як ватандор қарзи фарзандӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, ҳимояи кишвар мактаби ҳаёт, дарси ҷавонмардиву ҷасорат аст. Чунин мафҳумро аксари ҷавонони далеру ҷасур ва ватанпарасту хештаншинос дарк намуда, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар софдилона хизмат мекунанд. Алҳол, ки дар Тоҷикистон оромӣ пойдор асту шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хуб аст, барои саркашӣ аз хизмат баҳонае мавҷуд буда наметавонад. Хизмат ба Ватан - Модар рисолати бузурги ватандорӣ мебошад. Дар заминаи гуфтаҳои боло мо аз масъулияти оилаҳое ёдовар мешавем, ки фарзандонро дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ тарбия намуда, дар пешрафти ободию осудаҳолӣ ҳисса мегузоранд. Яке аз ин оилаҳо, ки дар маҳаллаи Ёш-Ленини Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ зиндагӣ мекунанд, оилаи Тағоймурод Боронов мебошанд. Мавсуф бо ҳамсараш Боҳтурова Наргиз, ки соҳиби 10 писару 2 духтар ва 4 набера ҳастанд, хушбахтона умр ба сар мебаранд. Боронов Тағоймурод мегӯяд, ки 2 писари калониашро ба хизмати ҳарбӣ бо хоҳиши худашон равон кардаанд. Яъне нигоҳдории амнияту таъмини суботи ҷомеа, мустаҳкамии аркони давлат яке аз вазифаҳои аслӣ ва муқаддаси Артиш ба ҳисоб меравад, ки аз ҷониби сарбозони далеру шуҷоъ ва ватандӯсти кишвар сарбаландона иҷро мешаванд. -Маҳз хизмати содиқонаи ҳомиёни кишвар аст, ки имрӯз мо сокинон ва шаҳрвандон, дар фазои амну осоиш ва Ваҳдати миллӣ кору фаъолият дорем, - афзуд падари даъватшудагон Тағоймурод Боронов. Фарзандонаш Боронов Шамсиддин ва Боронов Қамариддин, ки онҳо дугоник мебошанд, бо хоҳиши худашон ба комиссариати ҳарбӣ ҳуҷҷатҳояшонро супоридаанд ва аз муолиҷаи тиббӣ гузашта, алҳол дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои омӯхтани курси ронандагӣ таҳсил доранд ва аз санаи 1 октябри соли 2023 ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда мешаванд. Инчунин зимни суҳбат бо падари даъватшудагон Тағоймурод Боронов ва модарашон Боҳтурова Наргиз мо фаҳмидем, ки онҳо талқин менамоянд, ки фарзандонашон бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ раванд. Умедворем, ки хизматро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сари баланд адо намуда, ба хона бармегарданд. Хизмати шабонарӯзӣ ва содиқонаи хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ аст, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми чорабиниҳо ва маъракаҳои муҳими сиёсӣ дар фазои амну субот ва орому осуда баргузор мегарданд. Хуб мешуд, ки чун ин волидон ҳар як падару модар фарзандонро барои ҳифзи Ватан - Модар роҳнамоӣ мекард ва барои боз ҳам беҳтар дарк намудани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ аз хизмати бошарафонаи қаҳрамонони ҷоннисор мисол оварда, онҳоро неруманд мегардониданд. Чун агар роҳнамоӣ аз ҷониби волидон бошад, фарзанд аз сидқ ба ҳимояти Ватан бармехезад.

Шоҳсанам АҶИКОВА, "Навиди Балх"

 

 


Баргаштан
26-09-2023, 09:30