ХИЗМАТ БА ВАТАН НОМУС ВА ҚАРЗИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД АСТ


     

    Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат буда, дар як муддати кӯтоҳ рушду такомул ёфта, аз санҷишу имтиҳонҳои ҷиддӣ гузашта, қудрату тавоноии худро дар ҳифзи суботи ҷомеа ва амнияти давлат борҳо собит намудааст. Аз ҳамин сабаб хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шараф, номус ва қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди содиқи Ватан ба ҳисоб меравад. Дар ин росто санаи 2 октябри соли 2023 бахшида ба рӯзи аввали мавсими даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия зиёда аз 100 нафар ҷавонони шуҷои Ватан ихтиёран ба Комисcариати ҳарбӣ ҳозир шуда, ба сафи Артиши миллӣ сафарбар гардиданд. Зимни суханрониашон раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон зикр намуданд, ки мо насли наврас ва ҷавононро бояд тарзе тарбия намоем, ки дар даъвати мавсимӣ ҳамчун сарбози ихтиёрӣ хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолнокӣ нишон диҳанд. Зеро ҳифзи марзу бум барои ҳар сокини кишвар муҳимтарину муқаддастарин амали созанда буда, аз ҳар нафар ҳушёрӣ ва ҷасоратро тақозо мекунад. Умедворем ҷавонони бо нангу номуси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки имрӯз пас аз гирифтани шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба хизмати аскарӣ сафарбар мегарданд, содиқона ва бо сари баланд хизмати ватанро адо намуда, ба назди падару модар бармегарданд. Дар ин рӯз ҳамчунин волидони даъватшудагон, аз ҷумла Шарипова Зарифмоҳ писараш Исломхуҷа ва Давлатов Муродалӣ писараш Сайфуллоро бо ифтихор ва ҳисси ватандӯстона ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намуданд. - Хизмат кардан ба Ватан-Модар бояд барои ҳар ҷавон ифтихору шараф бошад. Ватанро мисли модари хеш дӯст доштан ва мисли гавҳараки чашм онро эҳтиёт намудан қарзи фарзандии ҷавонмард аст. Мо ба фарзандони хеш пайваста шиори «Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҳаёт ва ҷасорати мардонагӣ» мебошадро талқин намуда, ҳисси дӯст доштани ватанро дар замири онҳо ҷо менамоем, - иброз доштанд волидони Исломхуҷа ва Сайфулло. Дар чорабинии мазкур ба наваскарон туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуда, ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини консертӣ хотири ҳозиринро болида гардониданд.

 

 

 

 

 

 

 

                                                                                                                                                                             


Баргаштан
3-10-2023, 12:46