САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ.


                  САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

           Санаи 3 октябри соли 2023 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз ҷумла ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи якчанд иншооти таъиноташон гуногун иштирок ва аз рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ дидан намуданд. Дар ин сафар Сарвазири мамлакатро раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ҳамроҳӣ карданд. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар маросими ифтитоҳи муассисаи таълимӣ ва Маркази саломатии хусусӣ иштирок намуданд. Гуфта шуд, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 дар деҳаи Комсомоли Ҷамоати деҳоти Навобод ҷойгир шудаст. Дар муассиса 653 хонанда, аз ҷумла 353 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Шумораи омӯзгорон 45 нафарро ташкил медиҳад. Дар муассисаи мазкур 13 синфхона мавҷуд буда, айни замон сохтмони 5 синфхонаи дигар ба анҷом расонида шудааст. Панҷ синфхонаи иловагии муассисаи таълимӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсони саховатпеша, ба тариқи ҳашар сохта шудааст.

   То инҷониб синфхонаҳо муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки Маркази саломатии хусусии “Рустам” дар деҳаи Узуни Ҷамоати деҳоти Золи Зар ҷойгир шудааст. Марказ сеошёна буда, аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ ва муваффақи ноҳия Раҷабзода Эмомалӣ сохта шудааст. Тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохтмони Марказ айни замон ба пуррагӣ ба анҷом расида, муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар идома меҳмонон аз ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагии ба номи Ниёзмуҳаммад Бегов дидан намуданд. Дар деҳаи Комсомол дар ҳудуди хоҷагии Ниёзмуҳаммад Бегов аз тарафи шаҳрванд Наҷмиддинов Қобил 13 гектар замин иҷора гирифта, пахта корида шудааст. Мавриди қайд аст, ки хоҷагии Н. Бегов яке аз хоҷагиҳои калон дар ҳудуди ноҳия ва вилоят ба ҳисоб рафта, 1506 гектар заминро фаро мегирад. Дар хоҷагӣ тамоми намуди маҳсулотҳои кишоварзӣ кишт карда мешавад. Асоси кори хоҷагиро пахтакорӣ ва чорводорӣ ташкил медиҳад. Сарвазири мамлакат ва роҳбари вилоят оид ба тезонидани суръати чиниши пахта бо дарназардошти барвақт фаро расидани фасли сармо ва ҷамъоварии саривақтии андозҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 


Баргаштан
16-10-2023, 07:57