13 ОКТЯБР - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ.


 13 ОКТЯБР - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ

   Санаи 13 октябр соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ бо иштироки намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Зуҳро Атабаева, афсари Бахши Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳия Суҳроб Одинаев, мушовири шуьбаи маориф Ҳомидҷон Намозов, мураббии бозиҳои шоҳмот Одилҷон Солиев, муовини директор оид ба таълими муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 Умарзода Миралӣ, хонандагони муассиса ва дигар намояндагони муассисаҳо чорабинӣ оид ба омодагии ибтидоии ҳарбӣ баргузор гардид. Қайд гардид, ки чунин чорабиниҳо ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум барои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ равона шудаанд. Дар чорабинӣ ҳамчунин оид ба расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба шахсони аз офатҳои гуногун ва ҳодисаҳои мухталифи фавқулода ва зарардида сухан рафта, роҳҳои наҷот ба хонандагон фаҳмонида шуд. Бачаҳо ҳамзамон бо намоиши наққошиҳои ҳамсолонашон ва нусхаҳои сохтаи онҳо дар мавзӯи ҳолатҳои фавқулода шинос шуданд. Хонандагон дар чорабинии мазкур фаъолона иштирок намуда, беҳтаринҳо бо Ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд. Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ - баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум барои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ мебошад.


Баргаштан
16-10-2023, 08:14