МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ - БЕҲБУДИИ ҲАЁТИ ФАРЗАНДОН. |
МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ - БЕҲБУДИИ ҲАЁТИ ФАРЗАНДОН Дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар самти пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ноболиғону ҷавонон, зӯроварӣ, хариду фурӯши инсон, рафти иҷрои қонунҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъуляти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» бо иштироки Барно Саидова - сармутахассис - котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, Ҷавоҳир Риоева - сармутахассиси бахши кор бо занон ва оила, Хайринисо Қаҳорова-сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷамоатҳои деҳоти Ҳалевард, Золи Зар ва Навоӣ байни волидайн, омӯзгорон ва хонандагон вохӯрии судманд доир карда шуд. Дар вохӯриҳо гуфта шуд, ки масъулият худ эҳсосест, ки дар рафтори ҳар як шахсияти комили ҷомеаи мутамаддин ва ҳар як фарди бедордил вобаста ба ин ё он вазифае, ки ба зиммааш гузошта шудааст, дида мешавад. Аммо тақозои замон аст, ки ин масъулиятро баҳри беҳбудии ҳаёти инсон, дар худи инсон давлат ва қонунгузорӣ бедор намояд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул» мебошанд. Вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ, рӯҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд, ки аз беаҳамиятии онҳо содир намоянд, мебошад. Чунин вохӯриҳо дар дигар муассисаҳои таълимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия низ идома хоҳад дошт.
Баргаштан |
25-10-2023, 06:59 |