БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯ.


     Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ санаи 27 октябри соли 2023 бо иштироки аъзои раёсат, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва вакилони ҳизбӣ маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроия дар ноҳия баргузор гардид. Дар маҷлиси Раёсат 3 масъала: оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ да ноҳия дар нуҳмоҳаи соли 2023 ва вазифаҳо барои давраҳои оянда, натиҷагирӣ аз ташаббусҳои ҳизбӣ ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳия баррасӣ гардид. Маҷлисро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Сулаймонова Лола кушода оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2023 ва вазифаҳо барои давраҳои оянда гузориш пешниҳод намуд. Сипас раиси Шӯрои собиқадорони ҳизбӣ, аъзои раёсат Абдулҳаев Маҳмасаид ва раиси ташкилоти ибтидоии Маркази байниидоравии мубориза бар зидди ВНМО Шарипов Ҷонибек баромад намуда, оид ба ташаббусҳои ҳизбӣ, иҷрои саривақтии нақша - чорабиниҳо, коргузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ, пардохти саривақтии ҳаққи узвият ва иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд. Масъалаҳои дар рӯзномаи маҷлиси Раёсат гузошта шуда пурра баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардид. Дар фарҷом аз тарафи Раёсати Кумитаи иҷроия дар ноҳия якчанд ҷавонони аз ташкилотҳои ибтидоӣ бо Шаҳодатномаи ҳизбӣ қадрдонӣ гардиданд.

 


Баргаштан
31-10-2023, 11:21