МАҚОМОТИ МИЛИТСИЯ-НЕРУИ МУҲОФИЗИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ !


 Ҳамасола санаи 10 ноябр дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат имрӯз 8 ноябри соли 2023 дар Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомади идона раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҳайати кормандони милитсия ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд. Раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон суханронӣ намуда, тамоми кормандони милитсияро бо ин санаи фархунда табрику таҳният намуданд. Изҳор гардид, ки дар раванди таъмини суботи сиёсӣ ва Ваҳдати комили ҷомеаи Тоҷикистон, талошу ҷоннисориҳои ҳар фарди огоҳи ин миллат, хосатан қишри равшанфикрони ҷомеаи Тоҷикистон, ки роҳбарии онҳоро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда доштанд, аҳамияти бориз дорад. Маҳз тавассути чунин хизматҳои бемисл Тоҷикистони биҳиштосо аз вартаи нобудӣ ва ҳалокати сиёсӣ наҷот ёфт. Саҳифаҳои аввалини таърихи фаъолияти милитсияи тоҷик дар ибтидои солҳои истиқлолияти давлатӣ саршор аз матонату мардонагӣ, далерию ҷонбозӣ, садоқат ба касбу савганд, инсондӯстиву ватандӯстӣ ва аз дигар ҷониб пур аз фоҷиаро ифшо намуд. Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар ин ҷода чунин зикр намудаанд: «Ҷасорат ва мардонагии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар солҳои барқарорсозӣ ва ҳимояи сохти конститутсионӣ аз худ нишон доданд, ҳеҷ гоҳ аз хотири халқ зудуда нахоҳад шуд». Дар идомаи ҷамъомад сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия полковники милитсия Нурализода Суҳроб Ғулом баромад намуда, афзуд, ки мақомоти милитсия яке аз сохторҳои бузургу бонуфузи ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб рафта, аз нахустин лаҳзаҳои ташкилёбӣ то имрӯз ҳамчун неруи муҳофизи тартиботи ҷамъиятӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳмгузор мебошад. Мақомоти мазкур дар лаҳзаҳои сангини таърихи кишвар аз имтиҳоноти ҷиддӣ гузашта, барои таъмини амну суботи ҷомеа талош варзидааст. Дар охир ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ба роҳбарони мақомоти корҳои дохилии ноҳия барои саҳми арзанда гузоштан дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд.

 

 

 


Баргаштан
15-11-2023, 13:33