ТАҶЛИЛИ 29-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ! |
Санаи 2 ноябри соли 2023 дар Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба таҷлили 29-умин солгарди “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар чорабинӣ раиси ноҳия бо сухани табрикотӣ баромад карда, ҳозирин ва дар симои онҳо кулли мардуми ноҳияро бо камоли эҳтиром ва таманниёти нек ба ифтихори ин ҷашни фархундаи таърихӣ табрику муборакбод гуфта, сиҳатмандиву хушбахтӣ, осудагии рӯзгор ва сарбаландиву барори кор таманно намуданд. Қайд гардид, ки воқеияти бебаҳс аст, ки сарнавишти муосири халқи тоҷик, ибтидои давлатсозиву давлатдории навин, пешрафту рушди Тоҷикистони маҳбуб ва болоравии мақоми он дар арсаи ҷаҳонӣ аз Истиқлолияту соҳибихтиёрии Ватани азизамон ва қабули ин санади тақдирсози миллат сарчашма мегирад. Зеро Конститутсияи мо худ маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад ва ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намудааст. Аз ҷониби дигар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вижагиҳои худ аз лиҳози башардӯстӣ ва фалсафаи бузурги ҳуқуқӣ яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон эътироф гардида, ифодакунандаи манфиатҳои миллат ва баёнгари иродаи мустаҳкаму побарҷои тамаддунофарии миллати тоҷик мебошад. Чунки дар он пеш аз ҳама ормону иродаи халқи шарафманди тоҷик дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона инъикос ёфтааст. Дар идомаи чорабинӣ раиси Суди ноҳия Сафарзода Шералӣ Нур бо маърӯзаи баландмазмун баромад намуда, фикру ақидаи худро оид ба бузургӣ ва аҳамияти муҳимми таърихӣ доштани ин санади олии ҳуқуқӣ иброз намуд. Сипас, ба собиқадорони меҳнат Эсанқулов Эшбурӣ, Наҷмиддинов Сироҷиддин, Исмоилзода Маҳмадраҳим, инчунин ба як қатор фаъолони хоҷагии Ниёзмуҳаммад Бегов барои барзиёд иҷро намудани нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта мукофотпулиҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ ва ҳамзамон ба як қатор роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия низ барои саҳми арзанда гузоштан дар корҳои ободонӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин барои иштироки фаъолона дар озмуни ҷумҳуриявии "Тараннуми Истиқлол" Сипоснома ва Дипломи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ансамбли ноҳиявии "Илҳом" супорида шуд. Дар фарҷом ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини таҳиянамудаи хеш хотири ҳозиринро болида гардониданд.
Баргаштан |
15-11-2023, 13:39 |