Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ


   Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 31 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.

   Рӯзи 9 сентябри соли 2022 мардуми ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Варзишгоҳи марказии ба номи Уктам Мамавтович ноҳия 31 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил намуданд. Дар Варзишгоҳ ҳунармандон, дӯзандагон, оҳангарон ва намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва ташкилоту муассисаҳо маҳсули кори худро ба марази тамошо гузоштанд. 

   Баъдан дар ҷараёни чорабинии мазкур бо иштироки сокинон 31 солагии Истиқлолият таҷлил гардид, ки дар он раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло, раиси раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" Икромӣ Сироҷиддин Салом иштирок намуда, сокинонро ба 31 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар  таҳният гуфта, ба кору таҳсил ва зиндагии ояндаашон ба манфияти давлату миллат муваффақиятҳо орзу намуданд.

    Раиси ноҳияи Ҷалолидини балхӣ муҳтарам Убайдуллои Файзулло зимни баромадаш қайд кард, ки то таҷлили Рӯзи Истиқлолият дар ноҳия як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд. Мумфаршкунии роҳҳо, ба истифода додани бунгоҳҳои тиббӣ ва муассисаҳои таълимӣ гувоҳи онанд, ки рӯз дар ноҳия корҳои ободонӣ вусъат меёбад. 

   Дар фарҷоми чорабинии идона ба як қатор фаъолони ноҳия Ифтихорнома ва мукофотпулиҳо тақдим гардида, барномаи театркунонидашудаи фарҳангӣ ба ҳозирин намоиш дода шуд.   

                                                                                                                   

   


Баргаштан
12-09-2022, 11:40