ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ


ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

       Бахшида ба иди Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса чорабиниҳои идона гузаронида шуд. Имрӯз, 23 ноябри соли 2023 сокинону ҷавонон ва кормандони корхонаву ташкилотҳои ноҳия ба даст Парчам ва шиору овезаҳо гирифта, аз маркази ноҳия то назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ роҳпаймоӣ намуданд. Инчунин, дар роҳпаймоӣ раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия ва собиқадорону фаъолон иштирок намуданд. Сипас, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ҳамчун рамзи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ дар назди Парчами давлатӣ гулчанбар гузошт. Баъдан дар Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Зимни сухани табрикиаш раиси ноҳия муҳтарам Холмурод Раҳмон кулли сокинони ноҳияро табрик намуда, зикр дошт, ки Парчами давлатии мо таҷассуми ҳастии миллати соҳибдавлат ва тамаддунофари тоҷик, иттиҳоду сарҷамъии он ба шумор меравад.Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми шарафманди кишвари мо бо саъю талош дар роҳи ваҳдату ягонагӣ исбот намуданд, ки ворисони арзандаи гузаштагони ватанпарасту озодандеши худ ҳастанд. Бо тантана ва шукӯҳи хосса таҷлил кардани ин рӯзи муқаддас, иқдому ташаббуси дурандешонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар таҳкими эҳсоси ватанпарастӣ, ифтихори сокинони кишвар аз давлати соҳибистиқлоли худ, ваҳдату ягонагии халқу мамлакат, мавқеи муҳимро дар бар мегирад. Ҳамзамон, раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро сокинонро ба ин ҷашни фархунда табрик намуда, қайд кард, ки рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчам дар давраҳои вазнини ҳаёти халқу миллатҳо воситаи муассири инъикоси якпорчагӣ ва илҳомбахши муборизаи фидокоронаи фарзандони содиқу вафодори онҳо будааст. Зеро ҳар як фарзанди вафодор ва бонангу номуси миллат рeшаи Ватан, ҳастии халқ ва ҷовидонагии давлатдории хешро маҳз дар ҳамин рамзҳо эҳсос карда, бо ҳимояи онҳо Модар-Ватанро ҳифз менамояд. Рангҳои парчами миллии мо ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳангии миллӣ ва сиёсӣ мебошад. Ранги сурх-рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва Истиқлол, ранги сафед-нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз-нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад.                                         

    Дар байни Парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Дар идома, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ба як қатор фаъолон, аз ҷумла ба муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо ва ғолибону иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Ифтихорнома ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуд. Дар охири чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи консертии ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва ноҳияи Данғара, ки ба васфи Парчами давлатӣ бахшида шуда буд, пешкаши ҳозирин карда шуд.

Навиди Балх

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 


Баргаштан
25-11-2023, 07:26