БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ВНМО/БПНМ ДАСТАҶАМЪОНА МУБОРИЗА МЕБАРЕМ! |
Ҳамасола рӯзи 1 декабр, ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди ВНМО/БПНМ қайд карда мешавад. Дар ин рӯз аз тарафи кормандони Маркази пешгирии бемории ВНМО/БПНМ дар назди бозори марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аксия таҳти унвони «Бар зидди бемории ВНМО/БПМН дастаљамъона мубориза мебарем», баргузор гардид. Дар чорабинӣ кормандони Маркази пешгирии бемории ВНМО/БПНМ, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия иштирок доштанд. Аз тарафи мутахассисони соҳа оид ба ин беморӣ бо тариқи ройгон 98 нафарро аз ташхис гузарониданд. Корманди маркази зикршуда Ҳусниддин Ризоев дар чорабинӣ маъруза намуда, ҳамзамон ба иштирокчиён 800 адад варақаҳои иттилоотӣ ва айёниятҳо оид ба мубориза бо ин беморӣ тақсим намуд. Директории Маркази мубориза бо бемории ВНМО Ҷонибек Шарипов дар баромади худ қайд дошт, ки БПНМ (бемории пайдошудаи норасоии масунияти одам) бемориест, ки онро вируси норасоии масунияти одам - ВНМО ба вуҷуд меорад, яъне сарчашмаи бемории ВНМО ин БПНМ мебошад. Ҳангоми ба бадани одам ворид гаштани вирус на ҳама вақт нишонаҳои беморӣ дида мешаванд. Аммо ин беморӣ зуд метавонад ба дигарон сироят кунад. ВНМО - бевосита ба ҳуҷайраҳои системаи худмуҳофизати (иммуни) -и инсон зарар мерасонад. Вирус ҳуҷайраҳои системаи иммунии организмро хароб карда, вайро аз қобилияти тиббии худмуҳофизаткунӣ маҳрум месозад. Ҳадаф аз ин чорабинӣ огаҳ кардани одамон аз хатарҳои бемории ВНМО БПНМ ва ба ин васила пешгирӣ кардани он аз бемории мазкур мебошад.
Баргаштан |
7-12-2023, 07:59 |