ЛИМӮПАРВАРӢ - СОҲАИ АФЗАЛИЯТНОК!


 Лимӯпарварӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва сердаромади кишоварзӣ буда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳайё сохтани ҷойҳои корӣ нақши муҳим дорад. Доир ба ин соҳа дар Ҷамоати деҳоти Калинини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ деҳқонон ва соҳибкорон бо нақшаи умум дар масоҳати 4 гектар лимӯ парвариш намуда, ҳамасола аз он ҳосили хуб ба даст меоранд. Масалан, дар деҳаи Ӯзбекобод хоҷагии деҳқонии фермерии ба номи «Ятимов», ки роҳбарияшро Муродбек Ятимов ба уҳда дорад ва ҳамчунин дар деҳаи Максим Горкий хоҷагии деҳқонии фермерии «Бобои-Тура» роҳбараш Хайрулло Наимов ин навъи мева таҳти нигоҳубини хуб қарор дорад. Онҳо ҳар сол аз парвариши лимӯ даромади хуб ба даст оварда, аз ин ҳисоб дар таъмини зиндагии худ ва аҳли ноҳия саҳми муносиб мегузоранд. -Барои ҳосили дилхоҳ гирифтан бояд қоидаҳои парвариши ниҳолони лимӯро риоя намоем. Ниҳоли лимӯ асосан баъди сесолагӣ ҳосили хуб медиҳад. Дар фасли баҳор дар айни гул кардан доруи «мочевина» дода, пас аз он об мемонем. Ҳамчунин, поруи чорворо бо даст ҷабида шарбаташро бо об омехта карда, дар бехи дарахтони лимӯ мепошем, ки ин усул барои серҳосилӣ ва калон шудани лимӯ кумак мекунад, - мегӯяд лимӯпарвари асил Муродбек Ятимов. Хайрулло Назаров - роҳбари хоҷагии деҳқонии фермерии «Бобои-Тура», ки худ деҳқони таҷрибадор аст, чунин қайд намуд: «Албатта, ҳар як кор нозукиҳои худро дорад. Аз ҷумла, лимӯпарварӣ низ мушкилиҳои зиёде дорад ва ниҳолони лимӯ нигоҳубини махсусро талаб мекунад. Аз ин лиҳоз мо, ҳамасола аз ду тарафи ниҳолҳо 60 сантиметр партофта, ҷӯяк мегирем ва бо ченаки махсус доруи «Нитроамофос» бо поруи чорво пошида, ба ниҳолони лимӯ об мемонем». Аграном-боғпарвари Раёсати кишоварзии ноҳия Имомиддин Ёдгоров низ ибрози андеша намуд, ки лимӯ растании ҳамешасабзи гармӣ ва рӯшноидӯст, ба намнокӣ ва ғизо эҳтиёҷманд ва ба хунукӣ ноустувор буда, дар хунукии 6-8 дараҷа сахт осеб меёбад. Дар минтақаҳои субтропикии намноки иқлимашон гарм растаниҳои лимӯ ва ситрусиҳои дигарро дар заминҳои кушод парвариш менамоянд. Мутаассифона, соли гузашта барои лимӯпарварон соли бебарор омада аз сабаби хунукии зиёд дарахтони лимӯро хунук зад. Бинобар ин имсол лимӯпарварони ноҳия ҳосили дилхоҳ ба даст оварда натавонистанд. Дар ҷамъоварии ҳосили имсола бигзор ҳама боғдорон муваффақ бошанд. Парвина АҶИКОВА, аксбардор Аҳмадбой ШЕРМАТОВ


Баргаштан
28-12-2023, 06:51