ДАСТОВАРДҲО ВА ФАЪОЛИЯТИ МАКТАБИ ВАРЗИШИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ.


      Варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат ба ҳисоб рафта, нақш ва ҷойгоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ки ҳамчун ифодакунандаи сиёсати мантиқии давлату ҳукумат ба таҳкими ҳаёти иҷтимоии ҷомеа, солимии миллат, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстӣ ва тарғиби идеяи миллати солим мавқеи баландро соҳиб гардидааст. Вобаста ба гуфтаҳои боло дар Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ имрӯзҳо 20 нафар мураббӣ кор ва фаъолият менамоянд. Ин мактаби варзишӣ аз рӯйи 7 намуди варзиш волейбол, футбол, гӯштини миллӣ, гӯштини тарзи ҷудо, варзиши сабук, шашка шоҳмот фаъолият намуда, дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва берун аз он иштирок мекунанд. Аз рӯйи таҳлил маълум гардид, ки варзишгарони муассисаи мазкур дар 28 мусобиқаи сатҳи вилоятӣ иштирок намуда, аз он 113 адад медал ба даст овардаанд, ки аз ин 51 медали тилло, 40 медали нуқра ва 22 медали биринҷӣ мебошанд. Дар 16 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бошад, иштироки худро таъмин намуда, сазовори 65 адад медал гардидаанд, ки ин миқдор 23-то тилло, 20-то нуқра ва 22 - тои он медали биринҷӣ аст. Инчунин варзишгарони ноҳия дар 9 мусобиқаи Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат варзида 20-медал: 4-то тилло, 7-то нуқра, 9-то биринҷӣ ба даст овардаанд, ки нисбат ба 11 моҳи соли 2022, 7-медал зиёд мебошад. Дар ин замина, Пирхуҷаи Ҷурабек дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «Гӯштингирӣ» ҷойи якум, Асоев Абӯалӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ ҷойи дуюм ва Қадамов Асҳобиддин дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар гӯштини миллӣ ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Дар баробари ин дастаи футболи бонувони ноҳия ҳам дар мусобиқаи футболи лигаи олӣ ширкат намуда, ҷойи дуюмро бо медали нуқра сарфароз гардиданд. Дастаи футболбозони бонувони 17 сола, ки дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҷойи сеюмро бо медали биринҷӣ сазовор шуданд. Аз варзиши тарзи сабук, ки дар мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ дар вилояти Суғд баргузор гардид, Хушбаков Муҳаммадрасул, Маҳмадалиев Фирдавс, Назаров Аҳлиддин ва Хушбаков Озодбек соҳиби медали тилло гардида, бо сарбаландӣ баргаштанд. Варзишгари дигар Рустамқулов Мустафо низ дар мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ бозии футбол ҷойи якумро ишғол намуда, боиси ифтихори аҳли ноҳия ва вилоят шуданд. Хамзамон Пирова Фотима-мураббияи Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар мусобиқаи варзишӣ оид ба шоҳмот ва шашка барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат», ки санаи 8 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ҷойи дуюмро сазовор гашта, бо медал ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардид. Бо умедворӣ метавон гуфт, ки то ҷамъбасти соли 2023 Мактаби варзишӣ боз чанд муваффақият ва дастовардҳоро сазовор дониста шуд.

                                                  

 


Баргаштан
28-12-2023, 07:29