СОЛИ НАВРО БИДУНИ СӮХТОР ИСТИҚБОЛ НАМОЕМ!


СОЛИ НАВРО БИДУНИ СӮХТОР ИСТИҚБОЛ НАМОЕМ

      Хамасола, вақте ки Соли нави мелодӣ фаро мерасад, бо наздик шудани ин санаи муборак мардумро бештару пештар эҳсоси шодиву нишот фаро мегирад. Онҳо кӯшиш менамоянд, то гирди арчаи солинавӣ, ки рамзи ҳамин ҷашнвора аст, ба ҳам омада, рақсанду шӯхиву бозӣ кунанд, яъне ҳамдигарро бо фаро расидани боз як соли дигар табрику таҳният гуфта, беҳтарин орзуҳои хешро таманно намоянд. Дар ин замина, бо мақсади андешидани чораҳои амалӣ ва пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор, пурзӯр намудани амнияти шаҳрвандон дар давраи таҷлили чорабиниҳои солинавӣ ҳафтаи сипаригардида кормандони Қисми 28-уми Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вобаста ба иҷрои фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 224 б/3 аз 16.04.2015 чорабиниҳои профилактикию оташнишонӣ аз рӯйи номгӯи рамзи «Арча» дар ташкилоту муассисаҳои таълимию табобатӣ, мактаб-интернат, хонаҳои маъюбон, пиронсолон, тандурустӣ, муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, боғу майдонҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ташкил ва гузарониданд. Қайд гардид, ки дар баробари шодиву нишот баъзан ҳодисаҳои нохуше рух медиҳанд, ки боиси мушкилоту сарсонии шаҳрвандон мегардад. Чунин ҳодисаҳои нохуши сӯхтор бештар аз риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ ва муносибати нодуруст бо воситаҳои барқӣ, инчунин таҷҳизотҳои дигар рух медиҳанд. Яъне риоя нашудани талаботи истифодаи таҷҳизоти оташбозӣ ва гулчароғҳо сабаби он мегардад, ки сӯхтор ба вуҷуд меояд ва аз он ҳам одамон зарар мебинанду ҳам ашёи атроф. Истифодаи ин гуна бозиҳо ва воситаҳои барқӣ ҳам қоидаҳои худро дорад, ки риоя кардани он ҳатмӣ ва муфид аст. Барои он ки дар чунин рӯзҳои хурсандӣ ҳодисаҳои нохӯш рух надиҳанд, бояд ҳар як фарди ҷумҳурӣ қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро қатъиян риоя намояд. Арчаи солинавӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд дар ошёнаи якум ва ё дар саҳни ҳавлии назди бино гузошта шавад. Биное, ки дар он ҷо арча гузошта мешавад, бояд на кам аз ду дари баромад дошта бошад. Арчаро дар роҳрав ё даромадгоҳ гузоштан қатъиян манъ аст. Дар толори гузошташудаи арча дар ҷойи махсус бояд аз се то панҷ адад оташхомӯшкунакҳои коршоям ва палоси патдор нигоҳ дошта шавад. Шаҳрвандони гиромӣ, ҳамагон бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки Соли навро бидуни сӯхтор истиқбол намоем. Кормандони Қисми 28-уми Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия пеш аз маросими иди арча фаъолияти хешро боз ҳам пурзӯр намуда, баҳри таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар иншооту муассисаҳо ва ҷойҳои ҷамъшавии одамон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд. Сатторзода Н.С., муҳандиси калони ҚМ 28-уми ХХДО-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, майори хизмати дохила

 

 

 

 


Баргаштан
28-12-2023, 07:34