ҲУНАРОМӮЗӢ - ГАРАВИ КОМЁБИҲО


  

ҲУНАРОМӮЗӢ - ГАРАВИ КОМЁБИҲО

        Ҳунар гиреҳкушои тамоми мушкилоти инсон ба ҳисоб меравад. Бузургони мо ҳамеша ситоиши ҳунар мекарданд ва онро беҳтарин омили инсонӣ фармудаанд. Ин аст, ки дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои омӯхтани ҳунари пазандагию дӯзандагӣ барои хонандагон шароитҳои муфид муҳайё карда шудааст. Инчунин хонандагон бо маҳсулотҳои пухтупазкардаи худ, аз ҷумла навъҳои гуногуни қаннодӣ ва ҳунарҳои куртадӯзӣ, тоқидӯзӣ ва гулдӯзӣ дар маҳфилҳо ва озмунҳо ширкат меварзанд. Тибқи иттиллои роҳбари маҳфил Наргис Шарипова дар ин маҳфил 12 нафар духтарон ба дӯзандагӣ ва 14 нафар духтарон ба пухтупаз машғул мебошанд. «Мувофиқи талабот ва пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зиндагӣ интихоби касб яке аз масъалаҳои муҳим аст. Алалхусус, бо соҳиб шудани касб шахс дар оянда соҳиби ҷойи кор ва музди меҳнати хуб шуда, худ ва азизонашро бо ризқу рӯзии дарёфткарда таъмин менамояд. Интихоби касби мувофиқ имконият медиҳад, ки ҳар яки мо соҳиби ҷойи кор гардида, аз ӯҳдаи бобарори иҷроиши вазифаи ба зиммадошта баромада ба пешравиҳо ноил гардем», -қайд намуд Наргис Шарипова. Ҳадафи муассисаи таълимии мазкур аз он иборат аст, ки ҷалби духтарон ба омӯзиши касбу ҳунар, аз ҷумла дар доираи ҳунарҳои волои мардумӣ, рушди қобилияту истеъдоди хонандагон баланд бардошта мешавад ва барои таъмини минбаъдаи зиндагии хеш як заминаи боэътимод мегардад. Яъне, ҳунаромӯзӣ - гарави комёбиҳои ҳаёт хоҳад гашт. 

 

 

 


Баргаштан
28-12-2023, 12:40