ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА!


                                              ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА

   Санаи 23 декабр дар асоси дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар шаҳру навоҳии вилоят аз ҷумла, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шанбегӣ эълон карда шуд. Дар ин рӯз кормандони ташкилоту муассисаҳо, сокинони маҳалла, маориф, соҳаи тандурустӣ ва хонандагону омӯзгорон мунтазам ба шанбегӣ ва корҳои ободонӣ машғул гардиданд. Кормандони соҳаҳои зикршуда ба тозаву озода намудани саҳни биноҳо, гулгашту хиёбонҳо ва сарзабзу хуррам намудани он баромаданд. Дар ин рӯз аз ҷониби онҳо гирду атрофи дарахтон аз ҳар гуна алафҳои бегона тоза ва нарм карда шуда, ҳамзамон гулҳои зебои гуногуни мавсимӣ дар саҳни корхона ва роҳравҳо шинонида шуд. Албатта, тоза нигоҳ доштани муҳити атроф ва назди муассисаву ташкилоту хонаи истиқоматӣ аз маданияти баланди кормандону истиқоматкунандагонаш шаҳодат медиҳад.


Баргаштан
28-12-2023, 12:45