ИДОМАИ КОРҲОИ ЧАРОҒОНКУНӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ!


           ИДОМАИ КОРҲОИ ЧАРОҒОНКУНӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

    Дар доираи татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушду тараққӣ додани шаҳру ноҳияҳои кишвар, бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома дорад. Имрӯз, 25 декабр корҳои чароғонкунӣ дар роҳрави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62-и деҳаи Ленингради Ҷамоати деҳоти Ҳалевард роҳандозӣ карда шуд. Абдулҳаким Мирзонаимов - раиси маҳаллаи деҳаи мазкур ба мо иттилоъ дод, ки бо ибтикори 200 нафар хоҷагии ҳамин деҳа барои рӯшноӣ намудани маҳалла ҳудуди 400 метр роҳи маҳалла чароғонкунӣ оғоз гардида, бо маром ҷараён дорад. «Дар масофаи муайянгардида 6 адад пояҳои оҳанини зебову босифат насб гардида, чароғҳои баландсифати муосир васлу насб карда мешавад. Сокинон ва фаъолони деҳаи Ленинград корҳои созандагиро вусъати тоза бахшида, идома дода истодаанд», - иброз дошт Абдулҳаким Мирзонаимов. Анҷоми чунин кори неку хайрхоҳона аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ дар рафтуомади шабонаи сокинон имконият фароҳам овард.


Баргаштан
28-12-2023, 12:52