ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС БЕТАФОВУТ НАБОШЕД.


     Рӯзи 12 марти соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Рустам Мирзоев, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ Нурализода Суҳроб, комиссари ҳарбии ноҳия Ҳасанализода Саидакбар, раисони маҳалла, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва имомхатибон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 9 марти соли 2024 бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин доир гардида буд, вохӯрии судбахш баргузор гардид. Дар вохӯрӣ оид ба самтҳои «Таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандустӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстии наврасону ҷавонон, эҳтироми арзишҳои либоси фарҳанги миллӣ ва пешгирии ҷалби наврасону ҷавонон ба ҷараёну равияҳои экстремистию террористӣ суханронӣ намуданд. Қайд гардид, ки ояндаи миллат вобаста ба таълими фарзанд аст, аз ин хотир волидони имрӯза мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд, ки баҳри рӯҳияи насли наврас ба вуҷуд омадани ҳисси меҳандӯстиву худшиносии миллӣ асос гузорад. Ҳамчунин дар амалӣ намудани меъёрҳои қонуни мазкур бетараф набуда, баръакс кӯшиш намоянд, ки дар чаҳорчубаи он амал намоянд, зеро ин қонун тамоми масъалаҳои таълиму тарбияро дар бар мегирад ва як меъёри ёрирасон барои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд гаштааст. Гуфта шуд, ки ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон омили мазкур ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро қабул намудааст, ки мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта муваззаф гардонида аст. Ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фаъолияти онҳо ва манъ будани ғасби сохтори давлатӣ қайд гардидаанд ва ин арзишҳо арзишҳои олӣ буда, ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқат мекунанд. Хизмат ба Ватан яке аз нишонаҳои муҳаббат ба Ватан аст, аммо на ҳар кас ба Ватани худ содиқона хидмат мекунад. Ҷавононро мебояд ба хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ, бо дарки масъулияти фарзандӣ ва ватандӯстӣ ҳозир шуда, ба аҳди анъанавии ҷавонмардонаи хеш содиқ монанд ва аз худ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат гузоранд. Дар заминаи гуфтаҳои боло тамоми қишрҳои ҷомеа, омӯзгорон ва хусусан падару модаронро мебояд дар таълиму тарбияи ҷавонон ва насли наврас бетафовут набошанд.

Навиди Балх

 


Баргаштан
18-03-2024, 06:44