БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ "ҲУСНОРО"


 

                        БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ "ҲУСНОРО"

   Санаи 12 марти соли 2024 дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар ҳамбастагӣ бо бахшҳои кор бо занон ва оила, фарҳанг ва шуъбаи маориф даври ноҳиявии озмуни «Ҳусноро» бахшида ба Рӯзи Модар ва иди Наврӯзи байналмилалӣ бо мақсади баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, инкишофи фарҳангу ҳунари миллӣ, тарбияи ҷавондухтарон дар рӯҳияи зебоиофарӣ ва зебоипарстӣ, ахлоқи ҳамида, мусоидат дар маърифати оиладории ҷавондухтарон, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби насли наврас ба эҷодкорӣ баргузор гардид. Озмун аз рӯйи шартҳои зерин: қироати шеър дар васфи Модар, Ватан, Баҳор, Наврӯз ё замзамаи суруд ( алоҳида ё гуруҳӣ то 4 дақиқа), намоиши либоси чакан бо дӯхти замонавӣ: (тарзи роҳгардӣ, шинаму миллӣ будани либос, чеҳраи кушода ва табассум то 2 дақиқа), ороиши мӯй (то 5 дақиқа) ва сурудани аллаи модар бо шеваи модарона бе мусиқӣ (то 5 дақиқа) гузаронида шуд. Дар фарҷом ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия сарфароз гардонида шуданд.  

 


Баргаштан
18-03-2024, 06:49