ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ ДУ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ.


ҶАЛОЛИДДИНИБАЛХӢ: ИФТИТОҲИСИНФХОНАҲОИИЛОВАГӢДАРНАЗДИДУМУАССИСАИТАЪЛИМӢ

       Имрӯз, 16 март, зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид 2 бинои иловагиро дар назди муассисаҳои № 23 ва № 24 мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки ин ду иншоот бо саҳми падару модар, хоҷагиҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохта шудаанд. Тибқи лоиҳа иншоотҳо аз як ошёна иборат буда, дорои 8 адад синфхона барои 184 ҷойи нишаст дар як баст мебошад. Тибқи нақша сохтмони бинои китобхона низ дар назар аст. Раиси вилояти Хатлон бо масъулин суҳбат карда, онҳоро муваззаф намуданд, ки дар тарбияи насли наврас саҳми худро ва барои ободии диёр кӯшиш намоянд. Инчунин, раиси вилоят супориш доданд, ки дар оянда барои ба гармӣ таъмин намудани синфхонаҳо дар фасли сармо чораҷӯӣ карда шавад. Гуфта шуд, ки бояд корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон вусъат дода шавад. Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон. 


Баргаштан
18-03-2024, 07:25