САМАРАИ ҲАМКОРИҲО


                                                 САМАРАИ ҲАМКОРИҲО

  Ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳар чӣ зиёдтар фаро гирифтани кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ин таъкид ба устувор гардонидани мафкураи насли ояндасози миллат мебошад. Аз ин хотир, дар баробари муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ташкил намудани Марказҳои рушди барвақтии кӯдакон дар назди ҳар мактаби таҳсилоти умумии кишвар ва ба ин васила ташкил намудани шароити мусоид ба таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ амри воқеӣ дониста мешавад. Ҷиддӣ муносибат намудан ба ин матлаб бояд вазифаи ҳар як фарди худогоҳ ва махсусан, сарварони муассисаҳои таълимӣ бошад. Ҷавобан, ба ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташаббуси раёсати маорифи вилояти Хатлон ва саҳми падару модарон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 -и ноҳия Маркази рушди барвақтии кӯдакон ба тарҳи замонавӣ таъсис дода шуд. Ҳамзамон, дар партави татбиқи ҳидоятҳои Роҳбари давлат дар таҳкими созандагию ободкориҳои маҳали зист ва атрофи муассисаи таълимӣ бо маблағгузории шарикони боэътимоди рушди соҳаи маориф ва ҷалби ҷомеа бо шинонидани ниҳолҳои гуногуни ороишӣ ва дарахтони мевадиҳанда боғ ва гулгашти зебое ташкил карда шуд. Дар арафаи ҷашни Наврӯз бо иштироки сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшо Сафарзода аз тарафи шарикони рушд ба синфхонаи Маркази инкишофи кӯдак таҷҳизотҳо дастрас шуд. Шодии кӯдакон ва хурсандии падару модарон аз ташкили шароити бисёр хуб барои тарбиятгирандагон ва шукргузорӣ аз роҳандозии чунин иқдомҳо нишони эътимоди аҳли ҷомеа бар сиёсати хирадмандонаи Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Шаҳло Шукурова, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 - и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ


Баргаштан
27-03-2024, 11:42