ИФТИТОҲИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ - ТУҲФАИ НАВРӮЗӢ


                 ИФТИТОҲИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ - ТУҲФАИ НАВРӮЗӢ

         Дар рӯзи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ санаи 23 марти соли 2024 дар деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Навобод бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Алиҷон Абдуҷалол ва раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло бинои иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 кушода гардид. Бинои мазкур дорои 4 синфхона буда, барои 100 нафар ҷойи нишаст дар як баст мавҷуд мебошад. Дар ин рӯз дар деҳаи Сомониёни Ҷамоати Золи Зар низ бинои иловагии таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 бо 4 синфхона ва барои 100 нафар ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор гирифт. Гуфта шуд, ки муассисаҳои болозикр бо саҳми падару модар, хоҷагиҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сохта шудаанд. Ба истифода додани биноҳои иловагии назди ду муассисаи таълимиро як туҳфаи хотирмони наврӯзӣ арзёбӣ намуданд.

 

 


Баргаштан
27-03-2024, 11:53