ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ


Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия як силсила чорабиниҳои бошукӯҳи наврӯзӣ доир гардид. Хиёбону кӯчаҳои ноҳия барои истиқболи шоиста аз ҷашни байналмилалии Наврӯз ба таври идона ороста шуда, ба ин муносибат тамоми кӯчаю хиёбон ва маҳаллаву шаҳрак ҳамаҷониба омодагӣ гирифта буданд. Дар доираи тантанаҳои наврӯзӣ субҳи имрӯз, 23 март бо иштироки раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва сокинони ноҳия дар базмгоҳҳои наврӯзӣ бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ - фароғатӣ оғози Соли нави аҷдодӣ - Наврӯзи оламафрӯзро бо назардошти расму русуми мардумӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карданд. Сараввал раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло ҳамагонро бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, чунин қайд намуд: “Мақсади асосии таҷлили бошукӯҳу ҳадафманди Наврӯз таҷассуми гиромидошти муқаддасот, суннату анъана ва фарҳангу тамаддуни қадими миллати тоҷик буда, марҳилаҳои ташаккули таърихии он ба ҳайси сармояи маънавии миллати тоҷик ва ҷашни эҳёи табиату оғози соли нав, шодиву сурури ҳамагонӣ, бузургдошти дӯстию бародарӣ ва ваҳдату якпорчагӣ, суннату оинҳои мардумӣ, орзую ормонҳои умумихалқӣ ва арзишҳои дунявӣ дар ҳамоҳангӣ бо рисолати шодиофаринии Наврӯз маҳсуб меёбад”. -Имрӯз, ки фасли баҳор ва шукӯҳу нусрати Наврӯзи некпай дар саросари кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ танинандоз аст, бояд лаҳзае фаромӯш накунем, ки мавсими кишту кор ва талошҳои созандагию бунёдкорӣ дар пешанд. Дар ин замина масъулияти баланди кишоварзони ноҳия дар пешрафти соҳа ва таъмини истиқлолияти озуқавории кишвар моро умедвор мекунад, ки ба пешомади неку бобарори баҳори имсола ва ояндаи дурахшони ноҳия эътимод дошта бошем ва пойдевори бақои зиндагии ояндаро аз имрӯз гузорем, - иброз дошт раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло. Дар идома намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Алиҷон Абдуҷалол паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ба мардуми шарифи ноҳия расониданд. Сипас, аз тарафи намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба як қатор фаъолон Ифтихорнома, Сипоснома, мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Дар барномаҳои идонаи наврӯзӣ эҳёи табиати зебои Тоҷикистон, орзую талошҳо баҳри пешравиҳо бештар инъикос гардида, бо рамзи пирӯзии нур бар зулмот ва гармӣ ба сардӣ таҷассум ёфтанд. Шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ, давлатдории миллӣ ва қадамҳои устувор дар ҷодаи эъмори давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ асоси муҳтавои барномаҳои идонаи наврӯзиро ташкил карданд. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ кормандони бахши фарҳанги ноҳия, ҳунармандони шинохта Қобилҷон Зарипов ва Ёсамин Давлатова барномаи театрикунонидашудаи хешро манзури тамошобинон гардонида, бо сурудҳои дар васфи баҳору наврӯз хотири сокинонро болида гардониданд.

 

  


Баргаштан
27-03-2024, 12:16