БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР.


                    БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР

      Масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба хусус маъюбон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ба шумор рафта, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ҷиҳати дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тадбирҳои судманд ва созанда анҷом дода мешаванд. Дар ин росто, рӯзи 3 апрели соли равон дар толори беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи иҷтимоӣ Сангализода Қумриниссо, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Қурбонзода Қудратулло, раиси Иттиҳодияи миллии маъюбон Асадулло Зикрихудоев, раиси Иттиҳодияи ношунавоёни Тоҷикистон Маннон Шарипов, намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни Тоҷикистон Очилдиев Ҷамшед, сардори шӯъбаи меъморӣ ва сохтмон, бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, роҳбарони беморхона, шуъбаи маориф, ва дигар сохторҳои алоқаманд мизи мудаввар оид ба амалишавии «Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» баргузор гардид.

   Дар мизи мудаввар қайд гардид, ки шахсони дорои маъюбият бо дигар шаҳрвандон ҳуқуқи баробар доранд, ки ин ҳуқуқҳо аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ сарчашма мегиранд. Ҳамзамон дар Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҳия ва қабул гардидаанд, ки тартиби амалишавии онҳоро муайян мекунанд. Чунончӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии ҳифзи иҷтимоии маъюбонро муайян намуда, ба онҳо имконияти баробари зиндагӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеаро фароҳам меорад. Бо вуҷуди ин Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои рушди низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус маъюбон таъкид намуда, дар ҳар як паёми худ дар ин хусус дастуру супоришҳои мушаххас ироа менамоянд. Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони дорои маъюбият тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ», «Дар бораи собиқадорон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар ҷумҳурӣ як қатор барномаҳои давлатию соҳавӣ амалӣ карда мешаванд.

Навиди Балх

 


Баргаштан
5-04-2024, 06:45