7 АПРЕЛ - РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ. |
7 АПРЕЛ - РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ Ҳамасола санаи 7 - уми апрел Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ қайд карда мешавад. Ба ин муносибат имрӯз, 6 апрел табибони беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба Рӯзи умимиҷаҳонии тандурустӣ ба аҳолӣ хизматрасонии ройгон расониданд. Тавре муовини сартабиби беморхона Давлатмурод Назаров гуфт, дар ин рӯз аҳолӣ тавонист аз машварату муоина ва ташхиси ройгони мутахассисони соҳаи тиб бархурдор гардад. “Дар доираи чорабинии мазкур ҷиҳати пешгирии беморшавӣ дар байни аҳолӣ мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб ба шаҳрвандон машварат, муоина ва дигар чорабиниҳои ташхисӣ гузаронида, ҳамчунин аз тарафи Маркази ВНМО/БПНМ ба аҳолӣ маводҳои таблиғотӣ ва пешгирикунанда тақсим карда шуд” - иброз дошт Давлатмурод Назаров. Баргаштан |
9-04-2024, 07:05 |